Назрублоев Насруло Нурублоевич
мудири шӯъба, номзади илмҳои физикаю математика
номзади илмҳои физикаю математика

Шуъбаи «Назарияи ададҳо, алгебра ва топология» соли 1999 бо ташабус ва корнамоиҳои академики АМИТ Раҳмонов З.Ҳ. ташкил шуда, то соли 2019 роҳбарии шуъбаро номзади илмҳои физикаю математика Ш.А.Хайруллоев ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2020 то сентябри соли 2024 вазифаи мудири шуъбаро Азамов А.З. роҳбари мекард. Аз октябри соли 2024 роҳбарии вазифаи мудири шуъба ба Назрублоев Н.Н. – номзади илмҳои физикаю математика вргузор карда шуд.
Кормандони шуъба дар ҳамаи самтҳои асосии назарияи аналитикии ададҳо тадқиқотҳо мегузаронанд ва намоёнтарин муваффақиятҳои онҳо мухтасар дар боло дар доираи дастовардҳои мактаби З.Ҳ.Раҳмонов оварда шудаанд.
Дар шуъба тадқиқотҳои илмӣ дар самтҳои зерин гузаронида мешаванд:
- рафтори суммаҳои кӯтоҳи тригонометрии Вейл дар камонҳои калон ва баҳои он дар камонҳои хурд;
- муаммои Эстерман бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар барои дараҷаҳои адади содда;
- муаммои Варинг – Голдбах бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар;
- муаммои нулҳои комбинатсияҳои хаттии қаторҳои Дирихлеи ҳосили зарби эйлерӣ надошта;
- тақсимшавии тафриқҳо, ғайритафриқҳо ва индексҳо аз рӯи модули таркибӣ дар пайдарпаиҳои қиматҳои бисёраъзогии квадратие, ки аргументаш ададҳои содаро қабул мекунад;
- тақсимшавии қисмҳои касрии қиматҳои бисёраъзогиҳое, ки аргументашон ададҳои соддаро аз интервали кӯтоҳ қабул мекунанд.

Тадқиқотҳои доктори илмҳои физикаю математика У.Ҳ.Каримов ба масъалаҳои топологияи алгебравӣ бахшида шуда, натиҷаҳои назарраси ӯ инҳоанд:
- ҳалли муаммои Бествин-Эдварс оиди мавҷудияти компакти болопӯши кашиданашавандаи аз болояш рӯйкаш кардан имконпазир;
- исботи мавҷудияти континууми дученакаи якалоқаноки катакчамонанди Пеано, ки гурӯҳи дученакаи гомотопиаш ғайринулӣ мебошад;
- сохтани компакти кашиданашаванда, ки ҳамаи гурӯҳҳои гомологӣ ва гомотопиаш тривиалӣ мебошанд.

Дар 10 соли охир дар шуъба 2 доктори илм ва 12 номзадҳои илм тайёр карда шуданд, ки дар Институт ва дигар макотиби олии ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар шуъба мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо академик З.Ҳ.Раҳмонов, доктори илмҳои физикаю математика Хайруллоев Ш.А., номзадони илмҳои физикаю математика У.Чориев, С.Н.Исматов, Раҳмонов Ф.З., Д.М.Фозилова, А.С.Аминов мутахассиси соҳаи алгебраи квазигурӯҳҳо узви вобастаи АМИТ А.Ҳ.Табарӣ ва доктори илмҳои физикаю математика У.Ҳ.Каримов ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд. Дар солҳои гуногун дар ин шуъба номзадони илмҳои физикаю математика, мутахассисони соҳаи назарияи ададҳо В.М.Панов, Ш.К. Бобоёров, К.И. Мирзоабдуғафуров, З.Н. Қамаридинова ва Ш.Х.Мирзораҳимов кор кардаанд.
