Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРОМАДИ КОРМАНДИ ИЛМИИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А.ҶӮРАЕВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОНДАР МУАССИСАИ ПЕШБАРБАРОИ ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ

Санаи 7-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ корманди илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Қаъюмӣ Д. Д, таҳти роҳбарии д.и.ф.м. Хайруллоҳзода Ш. А., дар мавзӯи «Асимптотическая формула в обобщение тернарной проблемы Гольдбаха с почти равными слагаемыми», ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муассисаи пешбар мебошад, бо муваффақият ва баромади ҷолиб ва пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар баромад Қаъюмӣ Д.Д. бо иштироки равшан ва намунавии худ, нишон дод, ки таҷрибаи илмӣ ва малакаҳои таҳлилии ӯ барои ҳалли масъалаҳои мураккаби математикии муосир бениҳоят муҳим ва арзанда мебошанд.

Ҳамзамон, бо истифода аз кадрҳои таҷрибавӣ, мисолҳои назариявӣ ва тавзеҳи равшан, ӯ тавонист диққати ҳозиринро ҷалб намуда, арзиши илмии мавзӯъро пурра муаррифӣ намояд. Ин баромад намунаи олии ҳамкории муваффақонаи муассисаи пешбар ва муассисаи асосӣ буда, барои рушди минбаъдаи фаъолияти илмӣ ва таҳлилии кормандон заминаи устувор мегузорад.