Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ

Эй ҳамдиёри ман, Ваҳдат наҷоти мост,

Ваҳдат сиришти мо, Ваҳдат ҳаёти мост.

Ин вожаро ба лаб бо коми шуста гир,

Бар қиблаи умед, Ваҳдат салоти мост.

Дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, нақши таҳаммулпазирӣ ва авфпазирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ва хеле зиёд аст.

Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ҷашнест саршор аз эҳсоси ватандорӣ, тантанаи сулҳ, адолат ва пойдории миллати тоҷик. Миллати хушиқболи тоҷикро бахти ваҳдатсароӣ ва арҷ гузоштан ба амнияту осудагӣ шарафманд кардааст, то имрӯз мардуми мо аз ҳавои софу беғубори Ватани азизамон Тоҷикистон гиранд. Иди Ваҳдат аз ҳамаи идҳо қиматтар ва азизтар мебошад, зеро ин ин Ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин Ваҳдат ба хонадони ҳар як тоҷик ва Тоҷикистонӣ амну осоиш, хушбахтиву саодатмандӣ ва пеш аз ҳама сулҳ овард.

Ин ҳама меҳнатҳои шабонарӯзии Сарвари сулҳпарвари мо тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Агар сарвари худогоҳу худшинос, солеҳу содиқ ва ояндасози Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат намеомад, мо ба чунин рӯзи фирӯз намерасидем. Марде, ки барои баҳамоии миллаташ аз рӯзи нахустини сарварӣ барои сулҳу сарҷамъии халқаш бо номи поки Худо, бо номи шири поки модараш қасам хӯрд, ки ҳастиашро барои сулҳу Ваҳдат, баҳри оромиву осудагии миллаташ сарф хоҳад кард.

Дар яке аз паёмҳо сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буд: “Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки роҳи сулҳ ҳамвор нест ва тай намудани он сабру таҳаммул ва хиради бузургро тақозо мекунад”

Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-ум барои расидан ба марҳилаи сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ роҳи начандон дарози таърихиро тай намуда бошад ҳам, вале он хеле вазнин ва имтиҳони сангин барои миллату давлат буд. Саросари ҷумҳуриро беқонунӣ, куштор ва дуздиву ғоратгарӣ фаро гирифта, ҳуқуқҳои мухтлифи шаҳрвандон ҳамарӯза ва мунтазам поймол мешуданд. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан ва пароканда гаштани миллати тоҷик таҳдид мекард. Шумораи гурезагон беш аз якуним миллионро ташкил намуд. Дар ғурбат занону кӯдакон ва пиронсолон дар ҳолати гуруснагӣ ва дар ҳолати ғайрисанитарӣ, бе сарпаноҳ ва бе мавҷудияти ёрии тиббӣ қарор доштанд.

Маҳз таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ ва дилсӯзии Сарвари давлат буд, ки мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Рисолати ватандорӣ ин аст, ки ба ҳастии Ваҳдати миллӣ бояд арҷ гузорем. Вожаи Ваҳдат асосан, ин сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ аст.

Шукронаи Сулҳу Ваҳдат, ободии кишвар, сулҳу субот, шодию нишот, ки дар сафои софу беғубор зиндагӣ карда истодаем. Мардуми кишвар бояд дарк намоянд, ки Ваҳдати миллӣ як бозёфти нодир аст ва мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, нагузорем нохалафе онро халалдор созад. Ваҳдат – ин бахту саодат, тинҷию оромӣ ва меваи ширини ҳамаи мо тоҷикон мебошад.

Зулайхо Юсупова, мудири шуъбаи кадрҳои Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ