Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Табрикоти директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Муҳтарам ҳамватанони азиз!

Олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон, аспирантон ва дӯстдорони илму маърифат!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ – яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои давлатдории навини тоҷикон самимона табрик мегӯям.

Ваҳдати миллӣ дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик ва заминаи устувори сулҳу субот, пешрафти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад. Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари азизи мо имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ рушд намуда, барои рушди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф ва технологияҳои муосир, имкониятҳои васеъ фароҳам омадааст.

Дар чунин муҳити созанда, Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмии худро баҳри рушди илмҳои бунёдӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал густариш медиҳад. Мо бо масъулияти баланд дар татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ (2020–2040), дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва саҳмгузорӣ дар пешрафти илми миллӣ кӯшиш менамоем.

Имрӯз илм низ беш аз ҳар вақти дигар ба ваҳдату ҳамбастагӣ ниёз дорад. Ҳамкории олимон, табодули таҷриба, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва муттаҳид сохтани неруҳои зеҳнӣ омили муҳими рушди ҷомеаи муосир мебошад. Мо итминон дорем, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат метавон ба кашфиёти нави илмӣ, навоварӣ ва рушди устувори кишвар ноил гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ҳамаи олимон, кормандони Институт, омӯзгорон, донишҷӯён, муҳаққиқони ҷавон ва тамоми ҳамватанони азиз саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, комёбиҳои нави илмӣ, илҳоми эҷодӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бошад, сулҳу оромӣ дар Тоҷикистони азизамон ҷовидон монад ва парчами давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша парафшон бошад.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!

Бо эҳтиром,

Раҳимзода Алишер Орзу

Директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон