Имрӯз, 21 октябр тибқи супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва директори Институти математикаи ба номи А.Ҷураев Раҳимзода Алишер Орзу аз рафти баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар Донишгоҳи байналмилалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни боздид намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо раванди баргузории озмун, шароити фароҳамгардида барои иштирокчиён, тартиби гузаронидани даврҳои озмун ва фаъолияти ҳайати ҳакамон шинос гардиданд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини шаффофият, риояи талаботи низомномаи озмун, баҳогузории холисонаи донишу малакаи иштирокчиён ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии қобилиятҳои илмии довталабон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» яке аз иқдомҳои муҳим дар самти рушди тафаккури илмӣ, тақвияти донишҳои назариявию амалӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, инчунин ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани шавқу рағбати насли наврас ба илму дониш, рушди қобилияти эҷодиву ихтироъкорӣ ва омода намудани мутахассисони оянда дар соҳаҳои гуногуни илм заминаи мусоид фароҳам меорад.




























