Бо мақсади татбиқи ҳидояту дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, маориф, густариши омӯзиши фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тавсеаи робитаҳои байнисоҳавӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия, 4 ноябри соли 2026 дар толори Шурои диссертатсионии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «20-солагии рушди фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ: нақши зеҳни сунъӣ дар пешрафти илму маориф», бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.
Конференсияи мазкур бо ташаббуси Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил гардида, дар он олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, полковники милитсия Раҳмадҷононзода Р.Р. оғоз намуда, оид ба аҳаммияти рушди илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва нақши зеҳни сунъӣ дар пешрафти илму маориф ибрози назар кард.
Дар идомаи конференсия директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Раҳимзода А.О. дар мавзуи «Рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ – заминаи пешрафти Тоҷикистони муосир» маърӯза намуд.
Ҳамчунин, сардори факултети №5, номзади илмҳои техникӣ, подполковники милитсия Шарофзода Ф.А. дар мавзуи «Саҳми бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» баромад кард.
Мудири шуъбаи моделсозии математикии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Гулбоев Б.Ҷ. дар мавзуи «Зеҳни сунъии миллӣ – яке аз масъалаҳои мубрами ояндаи наздик» маърӯза пешниҳод намуд.
Инчунин, дотсенти кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарории факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ Нарзуллоев С.А. дар мавзуи «Амалисозии технологияҳои зеҳни сунъӣ дар идораи системаҳои нақлиётӣ ва саноатӣ» суханронӣ намуд.
Дар идомаи конференсия ходими калони илмии шуъбаи моделсозии математикии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Ҳакимзода З.Ҷ. дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ – дастоварди илми муосир ва ояндаи ҷомеаи рақамӣ» маърӯза намуда, оид ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ, нақши он дар тағйирёбии равандҳои ҷомеаи муосир ва дурнамои истифодаи ин технология дар соҳаҳои гуногун ибрози андеша кард.
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои муҳими рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун, густариши технологияҳои рақамӣ ва нақши зеҳни сунъӣ дар такмили низоми илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои судманди байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ ба шумор рафта, барои густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар амалия заминаи мусоид фароҳам меорад. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ба як қатор кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва фаъолияти муштараки судманд сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Ин иқдом нишонаи қадршиносӣ ва эҳтиром ба ҳамкориҳои байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ арзёбӣ гардид.
Конференсия дар фазои ҳамкории созанда ва мубодилаи афкори илмӣ баргузор гардида, аҳаммияти ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимиро дар роҳи рушди илми миллӣ ва пешрафти ҷомеаи рақамӣ бори дигар таъкид намуд.














