

Зери сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм, маориф ва дастгирии олимону муҳаққиқон, дар кишвар барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва дақиқ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ, бахусус дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди илми миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими пешрафти ҷомеа ва давлат арзёбӣ гардида, олимони кишвар бо такя ба ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар самти таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он ба сатҳи байналмилалӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд.
Дар ин замина, дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бештар намудани шумораи мақолаҳои олимони Академия дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷаҳон аҳамияти махсус доранд.
Яке аз дастовардҳои нави илмии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба нашр расидани мақолаи директори Институт Раҳимзода Алишер Орзу бо номи «On the asymptotic formula in the fourth-degree Estermann problem with almost equal terms: Theory and numerical validation» мебошад. Мақолаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Даврон Аслонқулович Ҷӯраев ва Youssri Hassan Youssri таҳия гардидааст.
Мақола 12 августи соли 2026 дар маҷаллаи илмии байналмилалии Open Journal of Mathematical Sciences, ҷилди 10, саҳифаҳои 1109–1123 ба нашр расида, дорои DOI-и 10.30538/oms2026.0336 мебошад.
Дар таҳқиқоти мазкур масъалаҳои муҳими назарияи ададҳо, аз ҷумла масъалаи Эстерманн, мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд. Муаллифон шакли дараҷаи чоруми ин масъалаи классикиро дар ҳолати узвҳои қариб баробар таҳлил намуда, формулаи асимптотикии навро ба даст овардаанд. Барои ин аз усулҳои муосири назарияи ададҳои ҷамъшаванда, баҳодиҳии ҷамъҳои кӯтоҳи тригонометрии навъи Вейл ва усули давраи Харди–Литтлвуд–Раманужан истифода шудааст.
Яке аз ҷанбаҳои арзишманди мақола таҳияи усули ададии тасдиқи натиҷаҳои назариявӣ мебошад. Дар ин раванд полиномҳои Гегенбауэр ва усулҳои спектралӣ барои наздиксозии силсилаи сингулярӣ ва интегралҳои экспоненсиалӣ истифода шудаанд. Муаллифон нишон медиҳанд, ки ин усул имкони анҷом додани ҳисобҳои дақиқ ва санҷиши ададии натиҷаҳои назариявиро фароҳам меорад.
Натиҷаҳои таҷрибаҳои ададии гузаронидашуда мувофиқати хуби формулаи асимптотикӣ ва ҳисобҳои ададиро нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти мақола, дар намунаҳои таҳлилшуда хатои нисбӣ аз 0,5 фоиз камтар буда, натиҷаҳои бадастомада барои дурустии ҳисобҳои назариявӣ ва усули ададии пешниҳодшуда далели мусбат мебошанд.
Ин дастоварди илмӣ аҳамияти муҳим дошта, аз боло рафтани сатҳи таҳқиқоти математикӣ ва фаъолияти илмӣ дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев шаҳодат медиҳад. Нашри мақолаи олимони Институт дар маҷаллаи байналмилалии бонуфуз ва индексатсияшаванда дар пойгоҳи Scopus барои муаррифии дастовардҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии илмӣ қадами арзанда мебошад.
Ба нашр расидани чунин корҳои илмӣ натиҷаи дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти рушди илмҳои дақиқ ва фаъолияти самараноки роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Ин дастовард олимони Институтро ба таҳқиқоти нави илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои боз ҳам арзишманди илмӣ ҳидоят менамояд.
Роҳбарият ва кормандони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев Раҳимзода Алишер Орзуро ба муносибати ин дастоварди арзандаи илмӣ самимона табрик намуда, ба фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодӣ, таҳқиқоти нави бунёдӣ ва муваффақиятҳои боз ҳам бузургтар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳо орзу менамоянд.

