Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

НАЗОРАТ АЗ РАФТИ ДАРСҲОИ МАКТАБАЧАГОНИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)» директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Алишер Орзу якҷо бо як гурӯҳ олимону кормандони илмии институт аз рафти дарсҳои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, бахши математика ва информатика боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид онҳо бо раванди таълим, сатҳи омодагии хонандагон ва тарзи баргузории машғулиятҳо аз наздик шинос гардида, ба фаъолияти омӯзгорон баҳои баланд доданд. Қайд гардид, ки чунин ташаббусҳо дар самти дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, инчунин ҷалби онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир нақши муҳим мебозанд.

Таъкид шуд, ки рушди тафаккури мантиқӣ ва малакаҳои таҳлилӣ миёни наврасон, бахусус дар самти математика ва информатика, заминаи устувор барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси оянда ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни боздид инчунин миёни олимон ва хонандагон суҳбати озод доир гардида, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои муфассал дода шуданд.Бояд зикр намуд, ки роҳбарии бахши математика ва информатикаи Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро Садриддинов П. Б. ва Шарифзода М. С. ба уҳда дошта, дар самти омодасозии хонандагони лаёқатманд саҳми назаррас мегузоранд.