Санаи 13 майи соли 2026, дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.KOA-009 назди Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ҳимояи диссертатсияи ходими илмии институт Қаюмӣ Достон Даврон баргузор гардид.
Қаюмӣ Достон Даврон рисолаи илмии худро дар мавзӯи «Формулаи асимптотӣ дар муаммои умумикардашудаи тернарии Голдбах бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физикаю математика Хайруллозода Ш.А. барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси илмҳои физикаю математика бомуваффақият ҳимоя намуд.
Мавзуи диссертатсияи мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрами назарияи ададҳо ва самтҳои муҳими математикаи муосир бахшида шуда, натиҷаҳои илмии бадастомада аҳаммияти назариявӣ доранд. Зимни ҳимоя муҳтавои асосии рисола мавриди баррасии амиқи илмӣ қарор гирифта, саҳми муаллиф дар рушди таҳқиқоти марбут ба муаммои Голдбах аз ҷониби аъзои шуро ва мутахассисон баланд арзёбӣ гардид.
Ин дастоварди илмӣ дар заминаи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму маориф, дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон ва таҳкими иқтидори илмии кишвар ба даст омада, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбии шоиста мегардад.
Ҳамзамон, ҳайати кормандон ва олимони институт ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои дастгириҳои ҳамешагӣ, таваҷҷуҳи хоса ба рушди илмҳои дақиқ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти илмӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ изҳори сипосу миннатдории самимӣ менамоянд. Маҳз чунин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи доимӣ боис гардидааст, ки муҳаққиқони ҷавон ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гарданд.
Маъмурият ва ҳайати кормандони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Қаюмӣ Достон Давронро бо ин дастоварди арзишманди илмӣ самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву таҳқиқотӣ барору муваффақиятҳои нав таманно менамоянд.







