Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ФЕСТИВАЛИ «AI ALLEY»

5 сентябри соли 2026 дар Боғи фарҳангии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе фестивали кушоди шаҳрӣ таҳти унвони «AI ALLEY» — фестивали зеҳни сунъӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯйдоди муҳими байналмилалӣ — эълон гардидани 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод баргузор гардид. Тибқи маълумоти Агентӣ, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 31 августи соли 2026 Қатъномаи №A/80/L.106-ро оид ба эълон намудани ин рӯз бо тарафдории 144 давлати аъзо қабул намудааст.

Дар чорабинии мазкур бо дастуру супоришҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ дар якҷоягӣ бо як қатор устодону олимони Институт фаъолона иштирок намуданд.

Зимни фестивал намояндагони Институт дар барномаҳои гуногуни чорабинӣ иштирок намуда, бо баромадҳои худ оид ба нақши илмҳои математикӣ дар рушди технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи усулҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои илмӣ ва амалии замони муосир андешаҳои худро баён карданд.

Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ масъалаҳои рушди технологияҳои рақамӣ, имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва аҳамияти истифодаи зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тибқи иттилои Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фестивали «AI ALLEY» барои муаррифии дастовардҳо, ташаббусҳо ва имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар сатҳи миллӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнисоҳавӣ баргузор гардидааст.

Иштироки фаъолонаи директори Институти математика ва олимону устодони он дар чунин чорабинии муҳим бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи ҷомеаи илмии кишвар ба рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар заминаи сиёсати дурбинона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, инноватсия ва рақамикунонии кишвар аҳамияти хосса дошта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва технологӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар маҷмӯъ, иштироки намояндагони Институти математика дар фестивали «AI ALLEY» қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории илмҳои математикӣ бо технологияҳои муосир буда, барои муаррифии имкониятҳои илмӣ ва татбиқии Институт дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ мусоидат намуд.