Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябри соли 1991 эълон гардид, бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди халқи тоҷик дар асри бистум ба шумор меравад. Ин рӯйдоди таърихӣ оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар буд. Вале таърих гувоҳ аст, ки соҳиб шудан ба озодӣ як қадам бошад, ҳифз намудан ва устувор сохтани он кори басо душвору сангин аст. Эълони истиқлолият дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ сурат гирифт ва кишварро буҳрони шадиди дохилӣ фаро кашид, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ва бародаркуш оварда расонд. Дар он шароити ҳассос, ки хатари нобудшавии давлати ҷавони тоҷикон ва парокандагии миллат воқеан ҳам таҳдид мекард, зарурати таърихии пайдоиши роҳбари сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ ба миён омад. Шахсияте лозим буд, ки тавонад масъулияти вазнинро ба дӯш гирад, мардумро муттаҳид созад ва кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварад. Маҳз дар ҳамин давраи тақдирсоз, дар Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, фарзанди фарзонаи миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат интихоб шуданд. Ин оғози наҷоти миллат ва заминаи устувори ҳифзи истиқлолият гардид.

Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ шиори устувор ва таърихии худро эълон доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам! То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам ва барои таъсиси сулҳу ваҳдат ҷони худро фидо месозам». Ин суханҳо на танҳо шиор, балки барномаи амалии Роҳбари ҷавони давлат гардиданд. Сарвари давлат дар шароите ба кор оғоз намуданд, ки сохторҳои ҳокимияти давлатӣ комилан фалаҷ шуда, қонуну тартибот вуҷуд надошт ва иқтисодиёти кишвар пурра хароб гашта буд. Дар таърихи давлатдории муосир нақши Ҷаноби Олӣ дар барқарор кардани рукнҳои асосии ҳокимият беназир аст.

Маҳз бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат - Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. Роҳбари давлат тавонистанд дар муддати кӯтоҳ эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшон ва адолати қонунӣ барқарор намоянд, ки ин барои ҳифзи соҳибихтиёрии давлат аҳамияти аввалиндараҷа дошт. Яке аз бузургтарин хидмати таърихии Ҷаноби Олӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ — ин ноил шудан ба Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ мебошад. Музокироти тӯлонӣ ва мураккаби сулҳи тоҷикон, ки бо ташаббус ва фидокориҳои бевоситаи Пешвои миллат сурат гирифтанд, чанд сол давом карданд. Сарвари кишвар барои расидан ба сулҳ ба минтақаҳои хатарнок ва ҳатто ба кишвари ҷангзадаи Афғонистон сафар карда, бо мухолифин сари мизи гуфтушунид нишастанд.

Дар натиҷаи ин кӯшишҳои зиёд ва суботкорона, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш кард ва Тоҷикистонро дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил ҳифз намуд. Беш аз як миллион гурезаҳои тоҷик бо сарбаландӣ ба Ватан ва ба хонаву дари худ баргаштанд ва раванди созандагию ободонӣ оғоз гардид. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун модели беҳтарини ҳалли низоъҳои дохилӣ эътироф ва омӯхта мешавад.

Бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки он заминаи ҳуқуқии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро устувор намуд. Парламенти касбӣ таъсис ёфт, рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ қабул гардиданд ва асъори миллӣ — сомонӣ ба муомилот бароварда шуд, ки ин нишонаи возеҳи мустақилияти иқтисодии кишвар буд.

Барои таъмин намудани мустақилияти воқеии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, Пешвои миллат чор ҳадафи стратегии миллиро муайян намуданд: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар. Бунёди неругоҳҳои бузурги барқи обии «Роғун» ва «Сангтӯда», сохтмони пулҳо, нақбҳо ва роҳҳои байналмилалии мошингард Тоҷикистонро аз як кишвари ба қисмҳо ҷудошуда ва дар бунбаст қарордошта ба як қаламрави ягонаи транзитӣ табдил дод. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро устувор намуд. Сиёсати «дарҳои кушод», ки аз ҷониби Роҳбари давлат пеш гирифта шуд, имкон дод, ки Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманди сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ якдилона қабул гардидаанд, Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари пешсаф ва ташаббускор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. Ин ҳама боиси баланд гардидани нуфузу эътибори давлати мустақили тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон шуд.

Нақши Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардан, ҳифз намудан ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тақдирсоз ва таърихӣ мебошад. Маҳз сиёсати дурандешона, матонати сиёсӣ ва муҳаббати бепоёни ин Фарзанди фарзонаи миллат ба Ватан ва миллат буд, ки Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги хонумонсӯз наҷот ёфта, ба роҳи рушди устувор ва созандагӣ қадам гузошт. Эътирофи расмии Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат нишонаи сипосгузории самимӣ ва эҳтироми хоси халқи тоҷик ба ин хидматҳои бузурги таърихӣ мебошад. Вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, бахусус насли ҷавон, ҳифзу нигоҳдории ин дастоварди бузург, яъне Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Абдуллозода А.Ф. ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон