Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ АМИТ ДАР МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ДАСТАВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ «ҶОМИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»

14 августи соли равон дар истироҳатгоҳи тобистонаи омӯзишию фароғатии «Зимчуруд» барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, маросими ҳавасмандгардонӣ ва ҷоизасупории ғолибони олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ Бобозода Комил, сармутахассиси АМИТ оид ба кор бо мактаббачагон Шарифзода Сураё ва дигар масъулон иштирок намуданд.

Иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои муҳим ба татбиқи ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати рушди илм, маориф, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими робитаи муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ равона гардидааст.

Дар ин замина, таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи ташаббусҳои марбут ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040)» ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ зоҳир мегардад. Маҳз рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, баргузории чунин олимпиадаҳо ба ҳадафҳои озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» низ ҳамоҳанг буда, барои бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба илму дониш, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ, рушди қобилияти эҷодиву таҳлилӣ ва ошкору дастгирӣ намудани истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд. Ташаббусҳои мазкур аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлат ба рушди маърифати ҷомеа ва баланд бардоштани мақоми илму дониш дар ҳаёти кишвар шаҳодат медиҳанд.

Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати зеҳнии хонандагон, рушди қобилиятҳои эҷодиву таҳлилӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни дастаҳо ва тақвияти рақобати солим миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва рушди фаъолияти хонандагони болаёқат, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва саҳми муассир дар баргузории чорабиниҳои мазкур, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо Сипосномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Қадрдонии фаъолони соҳаи маориф ва масъулони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи хосса ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон, таҳкими робитаи илм ва маориф ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди неруи зеҳнии кишвар мебошад.

Чунин иқдомҳо дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» роҳандозӣ гардида, барои тарбияи насли донишманду эҷодкор, баланд бардоштани сатҳи маърифати илмӣ ва омода намудани кадрҳои соҳибистеъдод барои ояндаи кишвар заминаи устувор фароҳам меоранд.