Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МАҲФИЛИ «ХИРАД» БАХШИДА БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ХИЗМАТҲОИ АРЗАНДАИ ПРОФЕССОР СУЛАЙМОН ИСҲОҚОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

11 ноябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраеви АМИТ маҳфили навбатии «Хирад»-ро дар мавзуи «Нақши олими барҷаста дар ташаккули насли нави муҳаққиқон» баргузор намуд. Маҳфили мазкур ба фаъолияти илмӣ ва роҳи пуршарафи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, мудири шуъбаи назарияи функсияҳо ва таҳлили функсионалии Институти математика ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Исҳоқов Сулаймон Абунасрович бахшида шуд.

Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф, дастгирии олимону муҳаққиқон ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ аҳаммияти хосса дорад. Махсусан, дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020–2040) масъалаи тақвияти таҳқиқоти илмӣ, рушди мактабҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ ба шумор меравад.

Дар ин замина, дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, рушди мактабҳои илмӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони ватанӣ роҳнамои фаъолияти муассисаҳои илмии Академия мебошанд.

Дар оғози маҳфил намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудири шуъбаи илмҳои физикаю химия, геология ва техникӣ Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, паёму суханони табрикии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро ба иштирокчиёни маҳфил расониданд. Дар чорабинӣ инчунин котиби илмии шуъбаи мазкур Абдулазиз Абдулофизович Ғаффоров иштирок намуданд.

Пас аз расонидани сухани президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар фазои тантанавӣ профессор Сулаймон Исҳоқов барои хизматҳои арзанда ва саҳми назаррас дар рушди илму маориф аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва бо медали «Аълочии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, мавсуф бо сипосномаи Институти математика ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ аз тарафи директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраев Раҳимзода А.О. қадрдонӣ гардиданд.

Сипас, академикони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаҳои худ оид ба фаъолияти илмӣ, дастовардҳо ва саҳми профессор Сулаймон Исҳоқов дар рушди илми математикаи тоҷик, ташаккули мактаби илмӣ ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон баромад карданд.

Аз ҷумла, академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор М. Илолов ва академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор М. Ш. Шабозов доир ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва хизматҳои арзандаи профессор Сулаймон Исҳоқов дар рушди илми ватанӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин, академик З. Раҳмонов дар бораи фаъолияти илмӣ ва саҳми мавсуф дар пешрафти илми математикаи тоҷик маърӯза карданд.

Дар идомаи маҳфил директори Институти математика ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода Алишер Орзу дар мавзуи «Сулаймон Исҳоқов — олими барҷаста» баромад намуда, оид ба роҳи пуршарафи илмӣ, дастовардҳои назаррас ва саҳми профессор дар рушди таҳқиқоти математикӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқон суханронӣ карданд.

Қисмати илмии маҳфил бо маърӯзаи узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Сулаймон Исҳоқов дар мавзуи «Ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсионӣ барои операторҳои эллиптикии таназзулёбанда» идома ёфт. Зимни маърӯза масъалаҳои илмии мавзуи мазкур ва ҷанбаҳои назариявии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.