Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ 47-УМИН СЕССИЯИ БАҲОРИИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

31 майи соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаҳои бахшҳои математика ва информатика-и 47-умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои муҳими дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдоду болаёқат маҳсуб ёфта, ҳамасола мутобиқи нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хонандагони синфҳои 7–11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳо ва гимназияҳои ҷумҳуриро ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб менамояд.

Бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, барои рушди фаъолияти Академияи хурди илмҳо, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҳкими робитаи илм бо муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд. Ин иқдомҳо ба ошкор ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва омода намудани насли ояндаи олимони кишвар мусоидат менамоянд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, махсусан математика, информатика ва дигар фанҳои табиатшиносӣ рӯ ба афзоиш дошта, онҳо барои густариши ҷаҳонбинии илмӣ ва такмили донишҳои худ пайваста талош менамоянд. Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои рушди қобилияти таҳлилӣ, тафаккури мантиқӣ ва малакаҳои таҳқиқотии хонандагон аҳамияти махсус дорад.
Дар ҷараёни кори сессия иштирокчиён корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар бахшҳои математика ва информатика пешниҳод намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти хешро муаррифӣ карданд. Мавзуъҳои пешниҳодшуда масъалаҳои гуногуни илмҳои риёзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва роҳҳои татбиқи донишҳои назариявиро дар амал фаро мегирифтанд.
Ҳамзамон директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ бо хонандагон ва падару модарони онҳо, ки барои иштирок ва дастгирии фарзандони худ ба институт ташриф оварда буданд, мулоқоту суҳбати озод анҷом дод. Зимни вохӯрӣ оид ба аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқ, имкониятҳои рушди қобилияти зеҳнӣ, интихоби дурусти касб ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид карда шуд, ки сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бахусус академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди илм, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими неруи илмии мамлакат нақши муҳим доранд.
Баргузории 47-умин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қадами муҳим дар роҳи дарёфт, дастгирӣ ва тарбияи хонандагони соҳибистеъдод буда, барои омода намудани насли ҷавони донишманд, эҷодкор ва ватандӯст саҳми арзанда мегузорад.