Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ОҒОЗИ ДАҲАИ МУАРРИФИИ ИЛМИ АКАДЕМИИ ТОҶИК ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Дар доираи «Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик» дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии илмӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025–2030)» ва дигар ташаббусҳои муҳими давлатӣ баргузор гардида, расман оғоз шуд.

Директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, Раҳимзода Алишер Орзу, бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аҳамияти рушди илми риёзӣ ва нақши онро дар пешрафти ҷомеаи муосир махсус таъкид намуд. Қайд гардид, ки математика ҳамчун пояи асосии илмҳои дақиқ ва заминаи боэътимоди рушди технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, мавқеи калидиро ишғол менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ директори институт бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи «Нақши математика дар рушди зеҳни сунъӣ» баромад намуда, доир ба истифодаи усулҳои риёзӣ дар таҳияи алгоритмҳо, моделсозӣ ва таҳлили додаҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Чорабиниҳо дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик дар Институт идома ёфта истодаанд.