Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Ваҳдати миллӣ — шоҳсутуни давлат, кафили истиқлолият ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон

«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди бузургтарин, неъмати бебаҳо ва асоси сулҳу субот, пешрафти давлат ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистон мебошад».

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ваҳдати миллӣ ягонагӣ ва ҳастии миллӣ буда аз тарафи дигар поягузори истиқлолияти давлатӣ мебошад. Бо ибораи дигар Ваҳдати миллӣ ин шоҳсутуни миллату давлат аст. Аз гуфтаҳои Пешвои- миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ёдоваршуда гуфта метавонем, ки ҷомеа танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат метавонад ба рушду тараққӣ, ободонӣ ва зиндагии осоишта ноил гардад. Аз ин хотир Ваҳдат ин омили муттаҳидии мардум, таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аст.

Ба маънои том (умум) гӯем Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳар як давлат ва миллат ба шумор меравад. Он маънои ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳод, ҳамбастагӣ ва ҳамкориро байни тамоми қишрҳои ҷомеа дорад. Дар шароити ваҳдат мардум новобаста аз миллат, забон, дин ё ақида барои пешрафти Ватан ва зиндагии осоишта якҷоя талош мекунанд.

 

Ваҳдату Истиқлолият барои кишвари мо ин ду неъмати бебаҳост, ки ҳар як шаҳрванд бояд онро ҳифз ва таҳким бахшад. Ваҳдати миллӣ кафили ягонагӣ, сулҳу суббот, Истиқлолияти давлатӣ ва ҳастии миллӣ мебошад. Танҳо дар фазои ваҳдат миллат метавонад рушд кунад, истиқлолияти худро таҳким бахшад ва ояндаи дурахшон бунёд намояд.

 

Барои кишвари мо Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ асоси сулҳу субот ва рушди давлат мебошад. Маҳз бо шарофати ваҳдат имконият фароҳам омад, ки кишвар пас аз солҳои душвор ба сӯи ободонӣ, пешрафти иқтисодӣ, рушди маориф, фарҳанг ва илм қадам гузошт. Ваҳдат мардумро муттаҳид месозад ва ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро тақвият медиҳад.

 

Ягонагӣ яъне ҳастии миллӣ бошад, дар ҳифзи забон, фарҳанг, таърих, расму ойин ва арзишҳои маънавии миллат таҷассум меёбад. Дурахшонии ояндаи Тоҷикистон дар фазои ваҳдату истиқлолияти давлатӣ аз рушди илм ва дар амал татбиқ намудани он баҳри пешрафту шукуфоии иқтисодиёти давлат ва иҷтимоиёти халқ аст.

Бо шарофати ягонагӣ (ваҳдат) миллӣ Тоҷикистон тавонист сулҳу суботро барқарор намуда, барои рушди иқтисод, илму маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром ва барои таҳкими истиқлолият ва пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.

 

Сулҳу Ваҳдат неъмати бебаҳост, ки бақои давлат, саодати мардум ва ояндаи дурахшони миллат аз он вобаста аст. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ қарзи муқаддаси ҳар як фарзанди Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ғурури миллӣ, рамзи ягонагӣ ва мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, зеро ояндаи давлат ва саодати миллат аз ваҳдат вобаста аст.

 

Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ саҳм гузорад, ба қонун эҳтиром гузорад, бо дигарон муносибати нек дошта бошад, сулҳу оромиро дарк намуда онро қадр намояд ва барои ободии Ватан содиқона меҳнат кунад. Миллате, ки ваҳдат дорад, метавонад ҳастии миллии худро ҳифз карда, онро ба наслҳои оянда мерос гузорад.

 

Имрӯз мо мардуми кишвар ба хусус ҷавонон, ки ояндаи миллатанд зери иқдому ҳадафҳои хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гузаштаамон соҳибилму соҳибтамаддун буданд илҳом гирифта, сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти давлати азизамон Тоҷикистонро ҳифз намоем, дар ин замина илму маорифро аввалиндараҷа гузошта барои ояндаи дурахшонии миллату давлат онро рушду нумӯ диҳем ва кишварро ба як кишвари пешрафтаи соҳибтамаддун дар замони хеш табдил дода барои наслҳои ояндаамон ба мерос гузорем.

 

АМИНОВ АСЛАМБЕК СОБИРОВИЧ – номзади илмҳои физикаю математика, котиби илмии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраевӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.