Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

16 сентябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимону муҳаққиқон, намояндагони сохторҳои соҳавӣ ва мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз ёфт. Сухани ифтитоҳиро директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Раҳимзода Алишер Орзу ироа намуда, вобаста ба аҳамияти рушди илмҳои дақиқ, технологияҳои муосири рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар шароити имрӯза андешаронӣ намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки бо меҳнату талошҳои созанда, дурбинии сиёсӣ ва ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илм, технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ дар кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди илмҳои дақиқу табиӣ, технологияҳои нав ва омода намудани кадрҳои баландихтисос барои таҳкими иқтидори илмӣ ва технологии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, зикр гардид, ки 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил карда мешавад. Ин ташаббус идомаи талошҳои Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва истифодаи масъулиятноки технологияҳои нав дар сатҳи байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

Бо дарназардошти аҳамияти рӯзафзуни зеҳни сунъӣ дар рушди илм, маориф, иқтисод ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ мизи мудаввари мазкур баргузор гардид.

Дар идомаи чорабинӣ муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ҳаким баромад намуда, оид ба самтҳои рушди технологияҳои рақамӣ, инноватсия ва имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосир маълумоти судманд пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов М. И., муовини раёсати зеҳни сунъии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Исфандиёр, корманди Агентии мазкур Назархудоев Шароф, Ҳакимов Ғафурҷон, номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Қаюмов М. М., мудири сектори физикаи назариявии Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ, инчунин олимони Институти математика Қобилов М. ва Гулбоев Б. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикршудагон дар баромадҳои худ ба масъалаҳои мубрами рушди зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ, моделсозии математикӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал, истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои гуногун ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ, коркарди маълумот, моделсозии равандҳои мураккаб ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки рушди босуръати зеҳни сунъӣ дар назди ҷомеаи илмӣ вазифаҳои нав мегузорад. Аз ин рӯ, истифодаи дуруст, масъулиятнок ва ҳадафманди имкониятҳои зеҳни сунъӣ, таҳкими заминаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва густариши ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо сохторҳои соҳавӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад.

Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокчиён табодули афкор намуда, доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкории илмӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар таҳқиқоти илмӣ ва баланд бардоштани иқтидори кадрӣ андеша ва пешниҳодҳои судманд баён карданд.