Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ АМИТ

Дар партави дастгириву ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ (2020–2040) ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 майи соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмию назариявӣ баргузор гардид.

Дар семинар доктаранти Phd -и Институт Рахимов Манучеҳр Фарходович маърӯза дар мавзуи «Математическое моделирование интеллектуальной системы документооборота на основе микросервисной архитектуры и нейросетевых механизмов BERT», ки роҳбари илмиааш Комилиён Файзали Саъдулло - д.и.ф.м., профессори кафедраи Информатикаи ДМТ низ иштирок доштанд, баромад намуда, доир ба аҳаммияти назариявӣ ва татбиқии мавзуъ, усулҳои муосири таҳқиқотӣ ва натиҷаҳои нави илмӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Дар кори семинар олимону устодони Институт, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, инчунин ходимони илмӣ, докторантон, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон фаъолона иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар фазои мубоҳисаи илмӣ масъалаҳои муҳими марбут ба усулҳои нави тадқиқотӣ ва натиҷаҳои бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, саволу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Семинар ба мубодилаи таҷрибаи илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳқиқоти бунёдӣ ва рушди минбаъдаи фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав мусоидат намуда, дар фазои илмию эҷодӣ баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ, бахусус дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои таҳкими неруи илмии кишвар ва рушди илми ватанӣ аҳаммияти махсус доранд.