Вобаста ба иҷрои банди 56-уми Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар 30-юми майи соли 2024 баён доштанд, иттило медиҳем, ки бо мақсади иҷрои банди мазкур рӯзи 06 августи соли 2026 бо супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Лагери истироҳатии тобистонаи «Файзи Истиқлол»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷо хонандагони фаъоли мактабҳои таҳсилоти умумӣ, миён ва литсею гимназияҳои типи нав аз минтақаҳои гуногуни кишвар ҷамъ оварда шудаанд, таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, раиси Иттифоқи касбаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки мулоқоти олимони соҳаҳои мухталифи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, Бобозода Комил Олимҷон–доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Институти иқтисодиёт ва демография, Раҳимзода Алишер Орзу–номзади илмҳои физикаву математика, директори Институти математикаи ба номи академик А.Ҷӯраев, Саидов Комилҷон–номзади илмҳои биологӣ, муовини директори Институти зоологияи ба номи Е. Н. Павловский, Холов Алимаҳмад–номзади илмҳои химия, дотсент, мудири лабораторияи физикаи кристалҳои Иститути физикаву техникаи ба номи Султон Умаров, Алимов Обидҷон–номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти астрофизика, инчунин ҳамватани мо Шарифов Ҷумахон–номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти Донишгоҳи миллии Авро Осиёи ба номи Л.Н. Гумилеви шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷӯраев Абдуѓанӣ–муҳандиси пешбарӣ Лабораторияи физикаи атмосфераи Иститути физикаву техникаи ба номи Султон Умаров бо хонандагон баргузор гардид.
Ҳадаф аз доир намудани вохӯрии олимони соҳаҳои мухталифи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хонандагон ин ташаккул додани донишандӯзӣ, баланд бардоштани қобилияти онҳо инчунин, дар зеҳни онҳо бедор намудани ташаккули тафаккури техникӣ ва шавқу раѓбат ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.
Бобозода Комил Олимҷон–доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Институти иқтисодиёт ва демография дар баромадашон қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон «Солҳои 2025-2030-ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карданд ва ин иқдом аҳаммияти ҷорӣ намудани технология ва навовариҳои муосирро дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар таъкид менамояд.
Технологияи иттилоотӣ (IT) яке аз самтҳои асосии технологияҳои муосир, аз ҷумла таҳияи нармафзо (коркарди таъминоти барномавӣ), роёниши абрӣ, зеҳни сунъӣ имкониятҳои васеи инноватсияро барои рушди ояндаи иқтисод ва ҷомеа тавассути истифодаи технологияҳои муосир муҳайё месозад. Аз ин рӯ, Шумо хонандагони гиромиро зарур аст, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ шавқу раѓабати бештар дошта бошед.
Раҳимзода Алишер Орзу дар баромадаш қайд намуд, ки эълон гардидани “Солҳои 2020–2040–бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки ин бистсола ба мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст ва Шумо хонандагонро зарур аст, ки барои баланд бардоштани савияи донишҳои техникию дақиқ кӯшиш ба харҷ диҳед.
Алимов Обидҷон–номзади илмҳои физикаю математика, ходими пешбари илмии Институти астрофизика зимни баромад изҳор дошт, ки ибтидои илми муосири астрономия дар Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии Расадхонаи астрономии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1932 ба ҳисоб меравад ва институти мо тадқиқотҳояшро дар самтҳои метеороидҳо, астероидҳо, кометаҳо, кометаҳои ҳастаҳояшон хомӯшшуда ва маҷмуи астероидию метеороидӣ, астероидҳо, кометаҳо, порашавӣ, фаъолнокии ҳастаи кометаҳо ва таҳқиқи ғайриякҷинсаи онҳо, омилҳои шамоли офтобӣ ва таъсири он ба муҳити байнисайёравӣ бурда истодааст.
Инчунин ба хонандагон маълумот дода шуд, ки Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дорои 3 Расадхонаи астрономӣ мебошад, ки онҳо дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, фаъолият менамоянд. Масалан, Расадхонаи астрономии «Ҳисор» дар баландии–730 метр аз сатҳи баҳр, Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» дар баландии–2300 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Данғара ва Расадхонаи астрономии «Помир» дар баландии–4350 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ҷойгир мебошад. Ба хонандагон муроҷиат карда гуфтанд, ки онҳо метавонанд дастаҷамъона бо ҳамроҳии омӯзгорони худ аз Расадхонаҳои астрономии «Ҳисор» ва «Санглох» дидан кунанд ва ба рафти корҳои таҳқиқотии расадхонаҳо шиносоӣ пайдокунанд.
Баромади Саидов Комилҷон дар мавзуи «Зарурати омӯзиши фанни биология дар замони муосир» бахшида шуда буд ва ӯ иброз дошт, ки аз қадим одамон барои пешбурди ҳаёти худ ҳамеша раванди ҳодисаҳои табииро мушоҳида мекарданд ва дар асоси таҷрибаҳои андӯхта, худро ба шароитҳои гуногун мутобиқ менамуданд. Зеро инсон як ҷузъи ногусастании табиат буда, дар ҳамбастагӣ бо дигар мавҷудоти зинда ҳаёт ба сар мебарад ва бе донистани ҳодисаҳои табиӣ мавҷудияти худро нигоҳ дошта наметавонад.
Қайд карда шуд, ки дар замони муосир омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ аз ҷумла биология хеле муҳим мебошад. Зеро дастовардҳои илми биология айни замон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини бехатарии биологӣ, таъмини солимии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва истифодаи оқилонаи захираҳои онҳо нақши муҳимро мебозанд.
Табиати кишвари мо хеле зобову рангин буда, як озмоишгоҳи пуриқтидореро мемонад, ки пайваста ба таҳқиқ ниёз дорад. Мавзеъҳои ҳамвори Тоҷикистон аз баланди 300 метр аз сатҳи баҳр оғоз гардида, то ба баландкӯҳҳо–беш аз 7000 метр аз сатҳи баҳр мерасанд ва ин боиси гуногунии намудҳои бойи биологӣ гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ин бойгарии табиати худро омӯзем, ҳифз намоем ва ба наслҳои оянда низ онро боқӣ гузорем.
Дар фарҷоми вохӯрӣ бо хонандагоне, ки дар Лагери истироҳатии тобистонаи «Файзи Истиқлол» ба истироҳат фаро гирифта шудаанд викторина гузаронида шуд ва ба хонандагоне, ки ба саволҳо ҷавобҳои дуруст доданд бо туҳфаҳои хотиравӣ аз қабили китобҳои бадеӣ, лавозимоти мактабӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ба китобхонаи Лагери тобистонаи «Файзи Истиқлол» аз номи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як миқдор китобҳои бадеию бачагона туҳфа карда шуд.
Дар охир ба хонандагон тавсия дода шуд, ки ҳамқадами замон бошанд ва ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ камари ҳиммат бандед. Инчунин, ба хонандагон пешниҳод карда шуд, ки ҳар сол моҳи октябр дар Академияи хурди назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Рӯзи дарҳои кушод» эълон мегардад ва Шумо хонандагони гиромӣ метавонед, ки дар минтақаҳои худ ба сексияҳои мухталифи Академияи хурди АМИТ (АХИ АМИТ) номнавис шуда, ба корҳои таҳқиқотӣ машғул шавед.







