Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИШТИРОКИ ОЛИМОН ВА КОРШИНОСОНИ АМИТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ҲАЙСИ АЪЗОИ ҲАКАМОН

10 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии дастовардҳои соҳаи маорифи пойтахт дар даврони соҳибистиқлолӣ олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии зеҳнӣ ва илмӣ, ки бо мақсади таҳкими шавқу рағбати хонандагон ба илмҳои дақиқу табиӣ, дарёфти истеъдодҳои наврас ва рушди қобилияти зеҳнии хонандагон баргузор гардид, олимону коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) низ ба ҳайси аъзои ҳайати ҳакамон фаъолона иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки ҷалби олимони АМИТ ба ҳайати ҳакамон яке аз омилҳои муҳими таъмини сатҳи баланди касбӣ, шаффофият ва арзёбии одилонаи донишу маҳорати иштирокчиёни олимпиада ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки олимону коршиносони Академия бо истифода аз таҷрибаи илмӣ ва касбии худ ба сатҳи омодагӣ, дониши назариявӣ, қобилияти таҳлилӣ ва малакаҳои ҳалли масъалаҳои иштирокчиён баҳои воқеӣ доданд.

Дар ҳайати ҳакамони олимпиада аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирзораҳимзода Акобир – ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Раҳимзода Алишер – директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраев, Бобозода Комил – директори Институти иқтисод ва демографияи АМИТ, Қосимзода С. – сардори Раёсати тайёр кардани кадрҳои илмии АМИТ ва Садриддинзода Манучеҳр – мудири Шуъбаи кор бо мактаббачагони АМИТ иштирок намуданд.