Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СУПОРИДАНИ ДИПЛОМУ ИФТИХОРНОМАҲО БА ХОНАНДАГОНИ ФАЪОЛИ АКАДЕМИЯИ ХУРДИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз (5.09.2026), дар доираи тадбирҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода А.О. бо мақсади арҷгузорӣ ба дастовардҳои хонандагони болаёқат ва дастгирии насли ҷавони илмдӯст бо супоришу дастурҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ба як қатор муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе — Литсейи №5, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 ташриф овард.

Зимни вохӯриҳо ба хонандагоне, ки дар фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон иштироки фаъол дошта, дар озмуну чорабиниҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷаласаҳои Академия саҳми арзанда гузоштаанд, дипломҳо ва Ифтихорномаҳои аз ҷониби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, аз рӯйи натиҷаҳои Сессияи 47-уми Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон, дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.

Зикр гардид, ки дастгирии хонандагони соҳибистеъдод, ҷалби онҳо ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилиятҳои зеҳнӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ба ҳисоб меравад. Маҳз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти кишвар ба рушди илму маориф ва тарбияи насли донишманду эҷодкор заминаи мусоидро барои иштироки фаъоли наврасон дар корҳои илмӣ фароҳам овардааст.

Таъкид шуд, ки Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мактаби муҳими омодасозии насли ҷавони илмдӯст барои дарёфти истеъдодҳои наврас, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳавасманд намудани онҳо ба корҳои таҳқиқотӣ нақши муассир дорад.

Хонандагони фаъол ва лаёқатманд метавонанд маҳз аз ҳамин марҳила ба ҷаҳони илм ворид шуда, дар оянда ҳамчун муҳаққиқони соҳибкасб ва идомадиҳандагони мактаби илмии кишвар саҳми арзандаи худро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ ба хонандагони фаъол барои дастовардҳояшон изҳори сипос намуда, таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди бемайлони илму маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва таҳкими пояҳои ҷомеаи донишбунёд имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.

Супоридани диплом ва Ифтихорномаҳои Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагон рӯйдоди хотирмон буда, онҳоро ба омӯзиши амиқи илм, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва дастовардҳои нави илмӣ ҳидоят менамояд.

Ин ташаббус бозгӯи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди неруи зеҳнии кишвар ва татбиқи сиёсати дурбинонаву созандаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти дастгирии истеъдодҳои ҷавон мебошад.