Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

НАШРИ МОНОГРАФИЯИ НАВИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи «Бистсолаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)» монографияи навбатии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Норматов Ином Шерович таҳти унвони «Корреляционные методы в интерпретации гидрометеорологических процессов» ба нашр расид.

Монография дар ҳаҷми 250 саҳифа бо ҳамкории муаллиф ва ходими пешбари илмии Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода Алишер Орзу таҳия гардидааст.

Дар монографияи мазкур масъалаҳои истифодаи усулҳои риёзӣ барои маънидоди динамикаи тақсимоти фазоии боришот, динамикаи интиқоли элементҳои химиявӣ тавассути маҷрои дарёҳо, механизмҳои интиқоли металлҳои вазнин аз хок ба растанӣ, инчунин маънидоди як қатор ҳодисаҳои метеорологӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.

Нашри ин асари илмӣ қадами дигар дар самти рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи усулҳои муосири риёзӣ дар омӯзиши равандҳои гидрометеорологӣ ва тақвияти робитаи илмҳои риёзӣ бо илмҳои табиатшиносӣ ба ҳисоб меравад.