Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Санаи 28.10.2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев маҷлиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони институт бо иштироки раиси Иттифоқи касабаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ёрзода Фозил Сами баргузор гардид.
Маҷлис дар доираи дастуру супоришҳо ва таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати таҳкими фаъолияти муассисаҳои илмӣ, беҳтар намудани шароити кору фаъолияти кормандон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо баргузор шуд.
Зимни маҷлис масъалаҳои марбут ба фаъолияти иттифоқи касаба, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнатии кормандон, беҳтар намудани шароити меҳнат, таҳкими кафолатҳои иҷтимоӣ ва тақвияти ҳамкории иттифоқи касаба бо роҳбарияти институт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои олимону кормандон, дастгирии ташаббусҳои илмӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои иҷтимоии онҳо аз омилҳои муҳими рушди муассисаҳои илмӣ ба шумор мераванд. Дар ин раванд, иттифоқи касаба ҳамчун сохтори ҳифзкунандаи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон дар таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ ва фароҳам овардани муҳити созгори корӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни маҷлис масъалаи интихоби раиси нави ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони институт баррасӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии якдилонаи иштирокдорони маҷлис Сафарзода Эшмат ба ҳайси раиси нави ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи кормандони Институти математика интихоб гардид.
Дар фарҷоми маҷлис зарурати тақвияти фаъолияти иттифоқи касаба, ҳамкории судманд бо роҳбарияти институт ва таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кормандон таъкид карда шуд.