Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илм, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040», санаи 28-уми октябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар унвонҷӯ Каримзода Меҳрубон Маткарим дар мавзӯи «Методҳои таҳлил ва лоиҳакашии системаҳои динамикӣ бо гузаришҳо дар масъалаҳои таҳқиқи ҳодисаҳои даврӣ» маърӯза намуд.

Дар чорабинии илмӣ роҳбари илмии унвонҷӯ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Нуров И. иштирок ва баромад намуда, ба масъалаҳои марбут ба мавзӯи таҳқиқот таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ҳамчунин, магистрантони институт дар кори семинар фаъолона иштирок намуданд.

Зимни маърӯза масъалаҳои назариявӣ ва амалии таҳлил ва лоиҳакашии системаҳои динамикӣ бо гузаришҳо, инчунин татбиқи усулҳои мазкур дар таҳқиқи ҳодисаҳои даврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз анҷоми маърӯза мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда саволу пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Муҳокимаи илмӣ барои амиқтар намудани фаҳмиши масъалаҳои мавриди таҳқиқ ва табодули таҷрибаи илмӣ замина фароҳам овард.

Бояд қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рушди таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрҳои ҷавон ва ҷалби магистрантону унвонҷӯён ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат менамояд.