Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

НАВРӮЗ - РАМЗИ ҶОВИДОНАИ МИЛЛАТ ВА ПАДИДАИ УМУМИБАШАРӢ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

 Наврӯз – пайки озодӣ, нафаси тозаи табиат ва рамзи зиндагии ҷовидонаи миллати ориёнажод аст. Ин ҷашнест, ки аз умқи ҳазорсолаҳо гузашта, бо фароз ва фуруди таърих тули асрҳои зиёд набард карда ва имрӯз чун хуршеди тобон ҷаҳонро мунаввар сохтааст.

Наврӯз танҳо иваз шудани як сана дар тақвим набуда, балки ин лаҳзаи баробаршавии шабу рӯз, бедоршавии замин ва оғози хилқати нав мебошад. Гузаштагони мо Наврӯзро ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва умуман пирӯзии некиҳо бар бадиҳо медонистанд. Фалсафаи асосии ин ҷашни бузурги ҷаҳонӣ дар се рукни маъруф – «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» нуҳуфтааст. Маҳз ҳамин арзишҳои олии инсонӣ ва хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуданд, ки Наврӯз марзҳои ҷуғрофиро рахна карда, ба як падидаи умумибашарӣ табдил ёбад.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ҷаҳонишавии Наврӯз беҳамтост. Пешвои миллат бо дарки амиқи таърихи аҷдодӣ тавонистанд Наврӯзро аз як ҷашни хонаводагӣ ба сатҳи сиёсати давлатӣ ва байналмилалӣ бардоранд. Бо ташаббуси Сарвари давлат расму оинҳои қадимаи наврӯзӣ, аз қабили «Сайри гули лола», «Ҷуфтбаророн», дигар оинҳои қадимаи наврӯзӣ, пухтани суманак ва ғайра дубора зинда карда шуданд. Имрӯз ҳар як гӯшаи гулгулшукуфони Тоҷикистони азиз, ҳар як оила, ҳар як фард бо як меҳру муҳаббати хосса ва бо як дарки баланди ватандустӣ бо хони ҳафтсину ҳафтшин, бозиҳои миллии варзишӣ ва бо як дили шоди идона Наврӯзро истиқбол мегиранд.

Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд: «Наврӯз ҷашни покӣ ва озодагии рӯҳу ҷон буда, инсонро ба дӯстию рафоқат ва бахшиши гуноҳҳо ҳидоят мекунад». Албатта ин оини неки наврӯзӣ, ки дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами мо зуд-зуд ба он ишора карда мешавад, ин бахшидани гуноҳҳои якдигар ва оштӣ додани одамони аз ҳам ранҷида мебошад. Яъне Наврӯз инсонро на танҳо ба тоза кардани муҳити зист, балки ба пок сохтани рӯҳу ҷон аз кинаву адоват ва нафрат ҳидоят мекунад. Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дониста мешавад ва инсонҳоро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ҳамин тариқ, Наврӯз дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ҳамчун «мактаби ахлоқ ва худшиносии миллӣ» арзёбӣ мешавад, ки барои таҳкими маънавияти ҷомеа аҳамияти калон дорад. Маҳз бо шарофати ин сиёсат Наврӯз имрӯз дар Тоҷикистон ба омили муҳими ваҳдати миллӣ табдил ёфтааст.

Хулоса Наврӯзи оламафрӯз бо қадами мубораки худ ба сарзамини мо пайки саодат меорад ва хидматҳои Пешвои миллат дар роҳи муаррифии Наврӯз ба ҷаҳониён саҳифаи заррини таърихи нави мост.

НАВРӮЗАТОН МУБОРАК БОШАД ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Ходими илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои

Тоҷикистон

Абдуллозода Абдуллои Файзулло