Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ БО ИШТИРОКИ МУҲАҚҚИҚИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ НОВОСИБИРСК

Дар партави дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди илму маориф, бахусус илмҳои дақиқ, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, инчунин дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам омадааст.

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати рушди илмҳои бунёдӣ, таҳкими фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ дар соҳаи илму маориф», 1 июли соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.

Кори семинарро муовини директори Институт оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои физикаю математика Каримов О.Х. ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аҳамияти рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, густариши робита бо марказҳои пешрафтаи илмӣ ва ҷалби муҳаққиқони ҷавонро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таъкид намуд. Барандагии семинарро доктори илмҳои физикаю математика Каримов У.Х. ба уҳда дошт.

Дар ҷараёни семинар муҳаққиқи Донишгоҳи давлатии Новосибирск, Баротов Бахтовар Хурсанкулович, бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «Интегро-дифференциальные уравнения с вырождением» баромад намуд.

Зимни маърӯза масъалаҳои назариявӣ ва амалии муодилаҳои интегро-дифференсиалии дорои вырождение (дегенератсия), хусусиятҳои ҳалли онҳо, усулҳои таҳқиқ ва самтҳои татбиқи чунин муодилаҳо дар математика ва моделсозии равандҳои мураккаб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин маърӯзачӣ натиҷаҳои илмии бадастовардаи худро пешниҳод намуда, ба як қатор саволҳои иштирокчиён посухҳои муфассал дод.

Маърӯза таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, докторантон ва магистрантонро ба худ ҷалб намуда, оид ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубоҳисаҳои илмии судманд сурат гирифтанд. Дар музокирот узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Исҳоқов С., бо саволҳои амиқи илмӣ ва пешниҳодҳои арзишманд баромад намуда, ҷиҳати густариши таҳқиқоти минбаъда ва такмили усулҳои пешниҳодгардида андешаҳои муфид иброз дошт. Ӯ инчунин аҳамияти рушди чунин самтҳои илмиро дар таҳкими мактаби математикии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ махсус таъкид намуд. Иштирокчиёни семинар низ вобаста ба самтҳои минбаъдаи таҳқиқот, имкониятҳои татбиқи натиҷаҳои илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ андешаҳои худро иброз намуданд.

Дар анҷоми семинар роҳбарияти Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ ба Баротов Бахтовар Хурсанкулович барои маърӯзаи пурмазмун, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ изҳори сипос намуда, ба фаъолияти минбаъдаи илмии ӯ комёбиҳои нав орзу карданд.
Семинар дар фазои созандаи илмӣ баргузор гардида, барои табодули таҷриба, густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқот дар соҳаи математика заминаи мусоид фароҳам овард. Дар чунин фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии кишвар рушди илмҳои дақиқ ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти илму технология ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти махсус касб менамояд.