Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст...... (1941 – 1945)

Шукронаи тинҷию амонӣ ва сулҳу ваҳдат дар саросари кишвари биҳиштосои Тоҷикистон. Шукри онро мекунем, ки дар як ватани ором зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаем.Имрӯзҳо дар арафаи Иди Ғалаба қарор дорем, ки ҳар сол рӯзи 9-уми май дар чандин кишварҳои дунё таҷлил мегардад. Имсол 81-умин солгарди Ғалаба бар Фашизми Гитлерӣ қайд карда мешавад.

Он рӯзҳои мудҳиши ҷангро башарият аз хотир бароварда наметавонад.Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанги одилонаю озодихоҳонаи халқи собиқ Шуравӣ (СССР) барои озодӣ ва ҳимояи ватан алайҳи фашизм буд. Ин ҷанг бар зидди таҷовузи Германияи фашистӣ буд, ки дар он 15 ҷумҳурии собиқ иштирок дошта, нисбати душман муборизаҳои беамон бурданд. Мақсади истилогарони фашист бо роҳбарии Адольф Гитлер дар муддати кӯтоҳ несту нобуд кардани Армияи Советӣ ва шикаст додани ИҶШС (СССР) буд. Халқи Иттиҳоди Шуравӣ дар ҳама самтҳои асоси амалиёти ҷангӣ: Москва, Ленинград Сталинград, Курск, Днепр, Севастопол, Одесса бо қурбониҳои зиёд ба муқобили душман муборизаи беамон бурда, қушӯнҳои фашистиро несту нобуд мекарданд.

Ҳуҷуми Германияи фашистӣ аҳдшиканона ва бе эълони ҷанг буд, ки боиси талафоти зиёд ва вайроншавии шаҳрҳо гардид. Дар ин ҷанге, ки 5сол тул кашид 27 миллион мардуми Шуравӣ ҳалок гардида, зиёда аз 1700 шаҳр валангор шуда, мардумон бе хонаву дар монданд.

Дар ин ҷанги хонумонсӯз мардону занон, пиру барно, ҷавонон ва ҳатто мактаббачагон бар зидди душман муборизаи беамон бурда ҷон бохтаанд.

Достони Ғалабаи Таня – и Абулқосим Лоҳутӣ – ро ёдовар мешавем, ки он ба Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (он солҳо хонандаи мактаби №201 -и деҳаи Петришего буд) Зоя Космодемьянская бахшида шудааст.

Аскари фашист аз дусад бештар,

Қаровул дар атрофи як духтар.

Як духтар, лекин бо рӯҳи кабир,

Намояндаи халқи беназир.

Б-он ҷаллодон дод зад духтари ватан,

Ман наметарсам аз мурдан.

Сарфармондеҳи фашист мепурсад:

- Саисхонаро кӣ оташ зад?

- Ман!

- Симҳои телефонро кӣ бурид?

- Ман!

- Инро ба ту кӣ фармуд?

- Ватан! ҷавоб медиҳад, Зоя. Пас аз азобу шиканҷаҳои зиёд ӯро фашистон ба дор меовезанд.

Аз шаҳри Краснодон бо номи “Гвардияи ҷавон” Олег Кошевой, Сергей Тюленин, Уляна Громова, Любовь Щевцова, Иван Земнухов ва дигарон буданд, ки бо душман мубориза бурда, қаҳрамонона ҳалок шуданд. Ба ҳамаи онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст.

Қаҳрамониҳои беҳамтои абадмардони тоҷикро бояд қайд намуд. Номи Саидқул Турдиев, Туйчӣ Эрджигитов, Сафар Амиршоев,Домулло Азизов, Ҳодӣ Кенҷаев, Неъмат Қаробоев аз нависандагон Ҳабиб Юсуфӣ,Фотеҳ Ниёзӣ ва дигаронро ёдовар шудан ҷоиз аст. Дар ин ҷанг аз Тоҷикистон 159 ҳазор шаҳрвандони тоҷик иштирок намудаанд.

Аз як деҳаи хурдакаки Сабзикор (пештара ноҳияи Рӯдакӣ) ҳозира Шоҳмансур 6 нафар шахсиятҳое буданд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намуда буданд (мутаассифона аз қайди ҳаёт гузаштанд), ки онҳо соҳиби ордену медалҳои зиёд буданд.

Инҳо: Умаров Табар, Саидов Ҳаким,Тоҷиддинов Абдураҳмон, Иброҳимов Сафо, Одинаев Дӯст ва Шарипов Валӣ мебошанд.Рӯҳашон шод бод! Қаҳрамонон намемиранд.

Мардуми баномуси тоҷик дар ақибгоҳ шабу рӯз меҳнат намуда, ба фронт ғалладона, либосҳои гарм,пойафзол, хӯрокаву меваю сабзавот мефиристоданд.

Маҳз ҳамин дӯстиву рафоқат байни мардуми олам буд, ки Германияи фашистӣ шикаст хурд ва 8-уми майи соли 1945 ба ҳуҷҷати таслимшавӣ имзо гузошт. Рӯзи 9-уми май, Рӯзи Ғалаба эълон гардид ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад, ки аз он 81 сол сипарӣ гашт.

Сулҳ бошад доимо дар рӯйи олам,

Дӯст бошад доимо одам ба одам.

Дуди ҷангу оташи ҷангро намехоҳем мо,

Ханда бошад байни мо дар ҳар қадам.

Зулайхо Юсупова, мудири шуъбаи кадрҳои Институти математикаи ба номи академик

А.Ҷӯраеви АМИТ.