Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Имрӯз 13-уми августи соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи “Солҳои 2025-2030- Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти математикаи ба номи А.Ҷураеви АМИТ дуюмин семинари илмии умумиинститутӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ дар илмҳои муосири дақиқ”баргузор гардид.

Семинарро Раҳимзода Алишер Орзу, номзади илмҳои физика ва математика, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев оғоз намуда, оиди рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ баромад намуданд.

Инчунин корманди илмӣ, н.и.ф.м. Исҳоқов Фаридун. дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва истифодаи дурусти он” баромад намуданд.

Дар семинар олимони соҳибмактаб ва ходимони илмӣ иштирок варзиданд.