Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object в функции video_background_set_markup() (строка 191 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ АМИТ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФӮРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Имрӯз, 14 августи соли 2025 Раҳимзода Алишер Орзу, номзади илмҳои физика ва математика, директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев бо дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Ҳисор боздид намуд.

Дар доираи боздид, Раҳимзода А.О. бо ширкаткунандагон, падару модарони онҳо ва ҳайати ҳакамон суҳбат намуда, бо ҷараёни баргузории озмун ва баромади иштироккунандагон аз наздик шинос шуд.

Раҳимзода А.О. зимни боздид аз ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди маърифату китобхонӣ равона шудааст, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин иқдом ба тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Инчунин, аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба мудирони шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав якчанд китоби “Сад математики муваффақ” тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2019, ҳамасола баргузор гардида, ҳадафи он рушди китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мебошад.