Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!
Баҳор фасли таровату тозагӣ, оғози кишту кор ва шукуфоиву зебоист. Омади баҳор ва ҷашнгирии Наврӯз тавъам буда, дорои решаҳои ногусастанӣ ҳастанд. Он на фақат рамзи бедоршавии табиат, оғози кишту кор, балки айёми оғози зиндагии нав ҳам ҳаст. Наврӯз паёмовари фарорасии ин фасл ва ҳамаи орзуву умедҳои неки инсон аст.Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳбаландии хос омодагӣ мегиранд.
Чї хеле, ки ба њамагон маълум аст, бо кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз тарафи роҳбарияти давлатҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Озарбайҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна, соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ Наврӯз расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. 23 феврали соли 2010 бо ташаббуси муштараки давлатҳое, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, дар 64-умин иҷлосияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи ин созмони бонуфуз оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» бо аксарияти овозҳо қабул гардида, Наврӯз ба феҳристи ёдгории фарҳанги ҷаҳонӣ дохил шуд. Тибқи қатъномаи зикршуда 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф гардид. Ҷаҳду талоши давлатҳоеро, ки Наврӯзро асрҳо боз ҷашн мегиранд, ҷиҳати ҳифз кардан ва рушду такомул додани анъанаҳои марбут ба он қобили тавҷҷуҳ дониста шуд, ҳамзамон аз давлатҳои дигари аъзои СММ даъват ба амал оварда шуд, ки дар бораи Наврӯз иттилои бештар мунташир намуда, сарчашма, анъана ва таърихи пайдоиши ин иди бостониро мавриди таҳқиқ ва тарғиб қарор диҳанд. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз дар арҷгузорӣ ба фарҳанги ҳамдигар, таҳкими сулҳу субот ва равобити халқу миллатҳои мухталифи дунё, сарфи назар аз қавму нажод, забону эътиқод ва тафаккурашон нақши муассир гузошта метавонад. Пазируфтани Наврӯз ҳамчун иди байналмилалӣ аз бузургию шаҳомат, решаҳои амиқи таърихию фарҳангӣ ва иҷтимоӣ доштани он дарак дода, далели эътироф гардидани тамаддуни куҳанбунёди мо мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.
Боиси хушбахтист, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллиамон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тули асрҳо нигоҳ дошта, то ба имрӯз бирасонад ва онро ҷаҳонӣ гардонанд. Ҷашни Наврӯз арзишҳои чун сулҳ, оштӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстӣ миёни қавму миллатҳои гуногунро афзоиш медиҳад.
Хулоса, Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.
Сафарзода Эшмати Њотам
Ходими пешбари илмии Институти
математикаи ба номи А.Ҷўраеви АМИТ

