Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ

Имрӯз, 8-уми майи соли ҷорӣ, дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ғалаба мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур олимон, докторону номзадҳои илм, ходимони илмӣ, магистрантону докторантон ва кормандони Институт иштирок намуданд.

Дар оғози ҳамоиш директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода А.О. суханронӣ намуда, оид ба сабабҳои сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, паёмадҳои фоҷиабори он ва саҳми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар таъмини сулҳу амният ибрози назар намуданд. Зикр гардид, ки ҳифзи хотираи таърихӣ, гиромидошти қаҳрамониҳои иштирокчиёни ҷанг ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, Раҳимзода А.О. иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва ҳамаи он шахсонеро, ки дар солҳои вазнини ҷанг дар ақибгоҳ содиқона меҳнат намудаанд, ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу субот, ваҳдату оромӣ ва зиндагии саодатмандона орзу намуданд.

Сипас, муаллима Юсупова Зулайхо доир ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945), саҳми фарзандони шуҷои тоҷик дар муҳорибаҳои ҳалкунанда, аз ҷумла ҳимояи Маскав, муҳорибаи Сталинград, озодсозии Киев ва Варшава, инчунин забти Берлин маъруза намуданд. Қайд карда шуд, ки фарзандони тоҷик дар солҳои ҷанг бо шуҷоату далерӣ барои ҳифзи Ватан ва таъмини сулҳу озодӣ мубориза бурда, номи худро дар таърихи миллат ҷовидона сабт намудаанд.

Дар идомаи чорабинӣ д.и.ф.м. Қобилов М.М. баромад намуда, таъкид карданд, ки таҷлили Рӯзи Ғалаба барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва эҳсоси худшиносиву ҷавонмардӣ аҳаммияти бузург дорад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки пос доштани хотираи қаҳрамононе, ки барои зиндагии орому осудаи имрӯза ҷоннисорӣ намудаанд, қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Дар анҷоми мизи мудаввар иштирокчиён доир ба аҳаммияти сулҳу ваҳдат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ мубодилаи афкор намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ карданд.