Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ НАМУНАВӢ ДАР МАКТАБ АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВ ВА ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С.У. УМАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Бо ҳидояту раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла президенти Академия, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати рушди илму маориф, инчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи амалисозии нақшаҳои 20-солаи рушди илмҳои дақиқ, санаи 15 майи соли 2026 гурӯҳи олимону устодони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев ва Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63 ташриф оварданд.

Дар рафти дарсҳо устодон бо истифода аз усулҳои муосиру самараноки таълим, дар баробари равишҳои анъанавӣ, мавзӯъҳоро ба таври возеҳу фаҳмо шарҳ дода, диққати хонандагонро ба масъалаҳои муҳими фанҳои дақиқ ҷалб намуданд. Ҳамзамон, ба саволҳои хонандагон посухҳои мушаххасу асоснок пешниҳод гардида, фазои фаъоли омӯзишӣ ва муҳити мусоиди илмӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни мулоқот ба хонандагон таъкид гардид, ки онҳо бояд таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба соҳаи илму маориф қадр намуда, бо донишандӯзии амиқ, ахлоқи ҳамида ва иштироки фаъолона дар озмуну чорабиниҳои илмӣ ҳамчун хонандагони фаъолу намунавӣ саҳми худро дар пешрафти ҷомеа гузоранд.

Дар анҷоми чорабинӣ миёни олимон ва омӯзгорони муассиса мубодилаи таҷриба сурат гирифта, ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда байни муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд. Ҳамчунин, ба хонандагон барои иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Илм — фурӯғи маърифат ва Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, тавсияҳо дода шуда, аҳамияти чунин озмунҳо ҳамчун омили муҳими рушди дониш, дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон махсус таъкид гардид.