Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

Маҳфил. ОЛИМ - ОМӮЗГОР, СОҲИБМАКТАБ ВА МУАРРИФГАРИ ИЛМИ ТОҶИК

Имрӯз, 21 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии рушди фаннҳои дақиқ, инчунин доир ба фаъолияти илмии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сарходими илмии Институти математикаи ба номи А. Ҷураев — Шабозов Мирганд Шабозович маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур олимону муҳаққиқон, омӯзгорон, шогирдон ва намояндагони доираҳои илмӣ иштирок намуда, доир ба саҳми арзишманди Шабозов Мирганд Шабозович дар рушди илми математика, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими мактаби илмии тоҷик ибрози назар намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки истиқлолият барои мардуми тоҷик на танҳо рамзи озодӣ ва давлатдорӣ, балки оғози марҳалаи нави рушди илму фарҳанг ва маърифати миллӣ гардид. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, илму маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Зеро маҳз илм ва дониш пояи асосии пешрафти ҷомеа, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Таъкид гардид, ки академик Шабозов Мирганд Шабозович аз ҷумлаи олимони варзида ва шахсиятҳои барҷастаи илмии Тоҷикистон мебошад, ки умри пурбаракати худро ба рушди илмҳои физикаю математика, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва ташаккули мактаби илмӣ бахшидааст. Номи ин олими шинохта дар таърихи илми тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Гуфта шуд, ки фаъолияти илмии Шабозов Мирганд Шабозович, ки собиқаи кории ӯ аз соли 1974 то имрӯз зиёда аз панҷ даҳсоларо дар бар мегирад, намунаи садоқат ба илм, заҳмати пайваста ва ҷустуҷӯи ҳақиқати илмӣ мебошад. Ӯ дар самти таҳқиқоти илмҳои дақиқ корҳои арзишманд анҷом дода, бо осори илмӣ, мақолаҳо ва пажӯҳишҳои худ дар рушду такомули физикаю математика саҳми босазо гузоштааст. Маҳсули фаъолияти илмии ӯ на танҳо дар доираи ҷумҳурӣ, балки дар доираҳои илмии хориҷӣ низ эътироф гардидааст.

Дар идома муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки саҳми академик Шабозов Мирганд Шабозович дар рушди илмҳои дақиқ, махсусан физика ва математика, назаррас ва арзишманд мебошад.

Қайд гардид, ки ин донишманди варзида дар тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ садҳо шогирдонро тарбия намуда, дар ташаккули тафаккури илмӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муассир гузоштааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар шароити рушди босуръати технология ва рақамикунонии ҷомеа таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аҳамияти махсус касб намудааст. Аз ин рӯ, таҷриба ва мактаби илмии олимони шинохта, аз ҷумла Шабозов Мирганд Шабозович барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби воқеии дониш ба ҳисоб меравад.

Сипас, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шабозов Мирганд Шабозович ва дигар олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш доир ба рушди илми математика дар замони соҳибистиқлолӣ, саҳми олимони тоҷик дар пешрафти илмҳои дақиқ, инчунин нақши муассисаҳои илмӣ дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ибрози андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди фаннҳои дақиқ ва таҳкими фаъолияти илмӣ дар кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳи давлат ба соҳаи илму маориф сол то сол бештар мегардад. Ҳамзамон зикр шуд, ки имрӯз омӯзиши математика ва дигар илмҳои дақиқ яке аз омилҳои муҳими рушди технология, иқтисодиёт ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.