Сообщение об ошибке

Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ДИДАН НАМУДАНИ РАФТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” АЗ ҶОНИБИ МАСЪУЛИНИ ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи амалии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳандозӣ гардида, дар рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва кашфи истеъдодҳои нав нақши муҳим мегузорад.

Имрӯз, 22 майи соли 2025, даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагону донишҷӯён ва дӯстдорони илм идома ёфт.

Дар доираи иҷрои супоришу дастурҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои илм ва маориф, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва рушди илмҳои дақиқ, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷараёни баргузории даври дуюми озмун дидан намуда, бо рафти баргузории озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Математика”, “Технологияи иттилоотӣ”, “Зеҳни сунъӣ” ва “Барномасозӣ” аз наздик шинос гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дастгирии илм, маориф ва рушди неруи зеҳнии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин озмунҳои бонуфуз барои тарбияи насли донишманду ватандӯст ва баланд бардоштани нуфузи илм дар ҷомеа аҳамияти махсус касб менамояд.

Зимни боздид таъкид карда шуд, ки чунин иқдомҳои созанда барои баланд бардоштани сатҳи донишу ҷаҳонбинии илмии наврасону ҷавонон, рушди тафаккури мантиқӣ, ҷалби хонандагон ба корҳои таҳқиқотӣ ва омода намудани мутахассисони болаёқат дар самтҳои илмҳои дақиқу техникӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, баргузории чунин озмунҳо дар шароити рушди босуръати технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, барои тарбияи насли навовару рақобатпазир аҳамияти махсус дорад.

Иштирокчиёни озмун донишу малакаи худро дар фазои рақобати солим ба намоиш гузошта, сатҳи хуби омодагии илмӣ ва эҷодии худро муаррифӣ намуданд.