Сообщение об ошибке

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 в функции counter_get_browser() (строка 70 в файле /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ШУКУФОИИ ВАТАН

Ҳар касе бар қадри ваҳдат мерасад,

Ӯ ба иқболу саодат мерасад.

Ваҳдат калимаест, ки бо маъниву оҳанги худ инсонро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои зиндагии осудаву ором ва беҳбудии рӯзгори худ талош мекарданд. Онҳо баробар меҳнат намуда, ризқу рӯзии худро бо ҳам тақсим мекарданд. Инсоният бидуни ягонагиву ҳамбастагӣ ҳаргиз ба мартабаи имрӯзаи худ намерасид. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки барои пешбурди давлатдорӣ ва рушди ҷомеа халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён пайваста мекӯшиданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро ҳар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ ҳамон ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амнияту баракат низ ҳамон ҷост.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки ба пояҳои ваҳдати миллӣ зарбаи сахт расонд. Дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба бор овард. Хавфи аз байн рафтани давлатдории миллӣ ва пароканда шудани миллат ба миён омад.

Барои аз нав бунёд намудани харобаҳо ва эҳёи миллат роҳбари оқилу дурандеш лозим буд. Худованд ба оҳу нолаи модарон ва дарду алами мардум раҳм намуда, шахсеро аз миёни халқ ба сафи пеш овард, ки тавонист ҳаёти осоиштаро барқарор созад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба бародариву ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат даъват намуданд.

Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, ин роҳи наҷотбахшро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Ин иқдоми хирадмандона самараи нек ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа расида, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу ваҳдат рӯз то рӯз гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати бузургтарини халқи мо ваҳдат ва ягонагӣ мебошад. Вазифаи ҳар яки мост, ки ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳиду ватандӯст ниёз дорад. Бо саъю кӯшиши онҳо Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зеботар хоҳад гардид.

Хулоса, осоиш ва ободии ҷаҳон ба сулҳу ваҳдат вобаста аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу ваҳдат пойдор мебошад, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар ҷаҳон гардидааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи сулҳ ва ваҳдати тоҷикон аз ҷониби бисёр институтҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад. Сулҳу ваҳдат мафҳумҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин садо дода, шунавандаро ба андеша водор месозанд.

Сулҳ рамзи оштӣ, хирадмандӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии мардум мебошад. Ваҳдат бошад, рамзи сарҷамъӣ, ҳамдилӣ, поктинатӣ ва меҳри Ватан аст.

Ваҳдат беҳтарин неъмат, асоси зиндагии инсон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва нумӯи ҷомеа мебошад. Ваҳдат ва сулҳи пойдори Тоҷикистон боиси боло рафтани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст. Имрӯз иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳон қарор гирифтааст.

Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ сабақест аз гузаштаи пурифтихори миллат ва заминаи пешрафти маънавии кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон истиқлолияти давлатиро ҳифз намуда, ягонагии мардумро устувор гардонд.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум беҳтар мегардад ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт қадам мегузорад. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини парвардаи худро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид ва ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президенти мамлакат ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯз меваҳои ширини зиёдеро ба бор овардааст ва мо, тоҷикон, аз он ифтихор мекунем. Муносибатҳои нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлолона ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои нав, барои пешрафти Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Ҳақиқатан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, ҷомеа рӯз ба рӯз рушд мекунад, иқтисодиёт пеш меравад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, сулҳу субот ва ваҳдат эҳсос мешавад.

Раҳмонов Бахтовар Абдуғаниевич - ходими пешбари илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраев АМИТ

Қаюмӣ Достон Даврон - ходими илмии Институти математикаи ба номи Абдуҳамид Ҷӯраеви АМИТ