Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ АМИТ АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ВА ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ РАШТ

РАШТ, 14 октябр. Дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020–2040) ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо мақсади тақвияти робитаи илм бо маориф, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ва директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳимзода Алишер Орзу ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Зимни боздид намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дидан намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла математика ва информатика, инчунин бо раванди омодагии хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ шинос шуданд.

Дар мулоқот бо омӯзгорону хонандагон масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷалби бештари хонандагони болаёқат ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва рушди қобилияти эҷодиву таҳқиқотии насли наврас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ заминаи муҳим барои ташаккули тафаккури мантиқӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва рушди илму техника дар кишвар мебошад.

Ҳамзамон, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рафти даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо иштироки довталабон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид, дидан намуданд. Онҳо бо ҷараёни баргузории озмун, иштироки довталабон ва шароити фароҳамовардашуда барои муаррифии дониш ва маҳорати китобхонии наврасону ҷавонон шинос шуданд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа, тақвияти завқи китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат нақши муҳим дорад.

Дар доираи сафари мазкур, ба намояндагони ноҳияҳои минтақаи Рашт туҳфаҳо аз тарафи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тақдим карда шуданд. Ин иқдом нишонаи таваҷҷуҳ ва дастгирии роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба рушди маърифат, китобхонӣ, илм ва истеъдодҳои ҷавон мебошад.

Боздиди мазкур дар таҳкими ҳамкориҳои муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таълимӣ, рушди шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дастгирии ташаббусҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти муҳим дорад.