Error message

Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илм, таҳкими иқтидори илмии кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040», санаи 21 октябри соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ семинари навбатии илмӣ баргузор гардид.

Дар семинар масъалаҳои марбут ба таҳқиқоти илмии кормандони институт, аз ҷумла натиҷаҳои корҳои илмии директори Институти математика ба номи академик А.Ҷӯраев, Раҳимзода Алишер Орзу ва мудири шуъбаи математикаи амалӣ ва механикаи институт, доктори илмҳои физикаю математика Қобилов М., мавриди омӯзишу муҳокима қарор гирифтанд.

Дар қисмати асосии семинар Қобилов М. бо маърӯза дар мавзуи «Численные исследования гидравлических характеристик руслового потока и процессы распространения прямых и обратных волн» баромад намуд. Зимни маърӯза натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши хусусиятҳои гидравликии ҷараёни маҷро ва равандҳои паҳншавии мавҷҳои рост ва баръакс пешниҳод гардида, ҷанбаҳои назариявию амалии масъала ва самтҳои минбаъдаи идомаи таҳқиқот шарҳ дода шуданд.

Дар кори семинар олимони соҳибмактаб, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илолов М.,узви вобастаи АМИТ,д.и.ф.м. Исҳоқов С.А. ва доктори илмҳои физикаю математика Ҷангибеков Г. низ иштирок намуда, дар муҳокимаи масъалаҳои илмии пешниҳодшуда саҳм гузоштанд.

Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои илмӣ баргузор гардиданд. Иштирокчиён оид ба натиҷаҳои пешниҳодшуда ва аҳаммияти таҳқиқоти минбаъда дар ин самт фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Баргузории чунин семинарҳои илмӣ барои таҳкими ҳамкории илмӣ, табодули таҷрибаи олимону муҳаққиқон, рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии илмии муҳаққиқони ҷавон заминаи мусоид фароҳам меорад.