Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ИҚДОМҲОИ ТАККОНДИҲАНДА ДАР РУШДИ ОМӮЗИШИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагӣ барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Ин санаи муҳими таърихӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихор ва сарфарозист. Бо вуҷуди ин, барои дарки воқеии арзиши дастовардҳои даврони истиқлол, бахусус аз ҷониби насли ҷавон, зарур аст, ки роҳи тайнамудаи давлату миллат ва мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта шаванд.

Солҳои аввали истиқлолият барои соҳаи илму маорифи кишвар давраи басо мураккаб ба ҳисоб мерафт. Буҳрони иқтисодӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ боис гардиданд, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ коҳиш ёбад. Дар чунин шароит зарурати қабули тадбирҳои муассир барои рушди низоми маориф ва таҳкими заминаҳои илмӣ ба миён омад.

Бо беҳтар гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Дар ин самт иқдомҳои зиёде роҳандозӣ гардиданд, вале яке аз муҳимтарин ва сарнавиштсозтарин онҳо аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020–2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мебошад.

Ҳадафи асосии ин ташаббуси миллӣ баланд бардоштани сатҳи донишҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тақвияти тафаккури техникӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос барои иқтисодиёти муосири кишвар мебошад. Имрӯз метавон бо итминон гуфт, ки татбиқи ин сиёсати давлатӣ ба баланд гардидани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва технологияи муосир мусоидат намуда истодааст.

Яке аз тадбирҳои муассире, ки дар доираи ин барнома амалӣ мегардад, Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад. Ин озмун дар муддати кӯтоҳ ба яке аз муҳимтарин платформаҳои дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон табдил ёфтааст. Озмун дар чор марҳала – маҳаллӣ, ноҳиявӣ (шаҳрӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, ҳамасола зиёда аз 200 ҳазор хонанда ва донишҷӯро фаро мегирад. Ин нишондиҳанда аз афзоиши бесобиқаи таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ шаҳодат медиҳад.

Бо дарназардошти аҳамияти афзояндаи технологияҳои рақамӣ, аз соли 2025 ба озмун номинатсияи нав – «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ворид карда шуд. Ҳамзамон маблағи мукофотпулӣ барои ғолибон ду баробар зиёд гардид. Танҳо дар соли ҷорӣ барои баргузории озмун беш аз 9 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Қобили зикр аст, ки саҳми омӯзгорон ва падару модароне, ки дар омода намудани ғолибон нақши муҳим доранд, низ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Дар баробари ин, бо ташаббуси Пешвои миллат як қатор тадбирҳои муҳими ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии олимону омӯзгорон роҳандозӣ гардидаанд.Аз ҷумла, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯён аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошанд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ соли 1998 бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии олимони ҷавон таъсис ёфтааст. Ин ҷоиза дар рушди иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии кишвар нақши муассир дошта, ҳамасола беҳтарин намояндагони илми ҷавони мамлакатро гиромӣ медорад.

Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бошад, соли 2020 таъсис ёфта, ҳамасола ба 15 нафар олим ва омӯзгори беҳтарин тақдим мегардад. Ин ҷоиза ба баланд гардидани сифати таҳқиқоти илмӣ ва рушди фаъолияти омӯзгорӣ мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки дастгирии молиявии олимон ва омӯзгорон танҳо як воситаи ҳавасмандгардонӣ нест, балки сармоягузорӣ ба ояндаи илм ва рушди устувори мамлакат мебошад. Мукофотҳо ба олимони ҷавон имконият медиҳанд, ки неру ва вақти бештарро ба корҳои таҳқиқотӣ равона намуда, натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оранд.

Масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ дар солҳои аввали истиқлол аз мушкилоти ҷиддӣ маҳсуб меёфт. Маҳдуд будани имконияти таъсиси шӯроҳои диссертатсионӣ ва вобастагӣ аз сохторҳои хориҷӣ раванди ҳимояи рисолаҳои илмиро душвор мегардонд. Барои ҳалли ин масъала бо ташаббуси Пешвои миллат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки имрӯз беш аз даҳ сол боз фаъолияти самаранок дорад.

Фаъолияти ин ниҳод имконият фароҳам овард, ки муҳаққиқон ва довталабони дараҷаҳои илмӣ рисолаҳои худро дар дохили кишвар ҳимоя намуда, бидуни хароҷот ва мушкилоти зиёд соҳиби дараҷаҳои илмӣ гарданд. Ин иқдом дар таҳкими иқтидори илмии мамлакат ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус нақши муҳим бозида истодааст.

Ҳамзамон, маҳз дар даврони истиқлол робитаҳои байналмилалии олимони тоҷик ба сатҳи нав баромаданд. Имрӯз олимони кишвар мунтазам дар конференсияҳо, симпозиумҳо ва форумҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, дастовардҳои илмии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар мисоли фаъолияти олимони Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон метавон гуфт, ки корҳои илмии онҳо аз ҷониби ҷомеаи илмии байналмилалӣ бо баҳои баланд пазируфта шуда, ҳамчун намунаи дастовардҳои даврони истиқлол муаррифӣ мегарданд.

Кормандони собиқадори соҳаи илму маориф, ки ҳам даврони пеш аз истиқлол ва ҳам солҳои соҳибистиқлолиро аз сар гузаронидаанд, хуб дарк мекунанд, ки чунин дастгирии ҳамаҷонибаи илм, маориф ва олимон дар таърихи навини Тоҷикистон бесобиқа мебошад. Ин дастовардҳо самараи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро мебояд дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо аз тамоми имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода намуда, илму дониш омӯзанд, технологияҳои муосирро аз худ намоянд, дар рушди илм саҳми арзанда гузоранд ва ҳамчун ворисони арзандаи миллат баҳри пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намоянд.

Исҳоқов Сулаймон Абунасрович, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон