Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ФАЛСАФАИ СУБОТ, РУШДИ ИЛМ ВА ОМИЛИ БАҚОИ ДАВЛАТДОРӢ

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест. Он заминаи асосии ҳаёти осоишта, рушди иқтисод ва пешрафти илму маърифат аст. Сӯлҳу суботе, ки мо имрӯз дорем, натиҷаи талошҳои пайваста ва хиради олии миллати тоҷик мебошад. Барои ҷомеаи илмӣ, махсусан барои риёзидонҳо, ваҳдат як формулаи ҳаётан муҳимеро мемонад, ки бе он ҳалли ягон муодилаи рушди давлат имконнопазир аст.

Саҳифаҳои таърихи нави тоҷикон гувоҳанд, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин фоҷиа боис шуд, ки сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, иқтисодиёт ва илм ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ шаванд. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сӯлҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 марҳилаи нави созандагӣ оғоз ёфт. Ваҳдат нишон дод, ки қудрати тафаккур ва гуфтугӯ метавонад бар ҷанг ва харобкорӣ пирӯз шавад.

Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки оромӣ ва амнияти комилро дар кишвар таъмин карда, матлаби ягонагии халқро дар амал татбиқ намоем ва инчунин барои рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт замина гузорему низоми давлатдории миллиро устувор созем.

Илм танҳо дар муҳити орому босубот метавонад тавлид ва рушд кунад. Дар шароити ҷанг ё нооромӣ тафаккури илмӣ ҷои худро ба кӯшишҳо барои зинда мондан медиҳад. Аз ин рӯ, ваҳдатро метавон омили аввалиндараҷаи пешрафти илмӣ номид. Имрӯз олимони кишвар, аз ҷумла кормандони Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ имкон доранд, ки дар фазои озод ба тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ машғул шаванд. Махсусан, дар соҳаи математика ва технологияҳои муосир Ваҳдат имконияти ҳамкорӣ бо марказҳои илмии ҷаҳонӣ, фароҳам шудани шароит барои ҷавонони боистеъдод, татбиқи моделҳои математикӣ дар иқтисодиёт ва рушди барномасозӣ дар заминаи амнияти миллӣ ва боз дигар шароитҳои муфидро фароҳам овард.

Математика илми дақиқ аст ва қонуниятҳои худро дорад. Агар мо ҷомеаро ҳамчун як системаи мураккаб тасаввур кунем, Ваҳдати миллӣ коэффисиенти асосии устувории ин система мебошад. Бе ин коэффисиент тамоми нишондиҳандаҳои дигар ба сифр баробар мешаванд.

Имрӯз ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла ҷангҳои иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит, вазифаи коргарони илмӣ танҳо бо таҳқиқоти хоси соҳавӣ маҳдуд намешавад. Олимон бояд ҳамчун чароғи маърифати ҷомеа хизмат кунанд. Мо вазифадор ҳастем, ки аҳамияти сӯлҳу ваҳдатро ба насли ҷавон бо забони мантиқ ва далелҳои илмӣ фаҳмонем. Саҳми ҷомеаи илмӣ дар устувории ваҳдат аз дур нигоҳ доштани ҷавонон аз хурофот, истифодаи илм барои амнияти рақамии кишвар, танқидӣ ва солим нигоҳ доштани тафаккури ҷомеа ва нишон додани фарҳанги баланд ва таҳаммулпазирӣ иборат аст.

Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки таърихи гузаштаи худро эҳё кунем ва мероси бузургоне чун Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Хоразмӣ ва Умари Хайёмеро, ки дар рушди математикаи ҷаҳонӣ саҳми беназир доштанд, дубора омӯзем. Имрӯз мо бояд давомдиҳандаи ин мактаби бузург бошем.

Ваҳдати миллӣ сарвати гаронбаҳотарини миллати мост, ки бо баҳои ҷони ҳазорҳо ҳамватанон ва заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам - Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Барои мо коргарони илмӣ ҳифз ва устувор кардани ин ваҳдат қарзи шаҳрвандӣ ва виҷдонист. Маҳз дар партави ваҳдат мо метавонем ба қуллаҳои нави илмӣ бирасем, Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафтаи технологӣ табдил диҳем ва ояндаи дурахшони насли наврасро таъмин созем.

Бигзор Ваҳдати миллии мо ҷовидон ва формулаи сулҳу пешрафти кишварамон ҳамеша устувор бошад!

Абдуллозода А. Ф. ходими илмии институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ