Error message

  • Notice: Trying to get property of non-object in video_background_set_markup() (line 191 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/video_background/video_background.module).
  • Notice: Undefined offset: 1 in counter_get_browser() (line 70 of /var/www/mitastj/data/www/mitas.tj/sites/all/modules/counter/counter.lib.inc).

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКА

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, ҷиҳати амалисозии ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди илм, таҳкими иқтидори илмии кишвар, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дар партави тадбирҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040», 7 октябри соли 2026, соати 11:00 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари умумии институтӣ баргузор гардид.

Дар семинар номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ ва муодилаҳои дифференсиалии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайдалиев Х. дар мавзӯи «Нелинейные краевые задачи электромагнито-упругих систем» маърӯза намуд.

Дар маърӯза масъалаҳои марбут ба масъалаҳои канории ғайрихаттии системаҳои электромагнито-упругӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, хусусиятҳои математикӣ ва натиҷаҳои асосии таҳқиқоти илмӣ дар ин самт пешниҳод гардиданд. Маърузачӣ ҷанбаҳои назариявии масъалаҳои мазкурро шарҳ дода, оид ба усулҳои таҳқиқ ва ҳалли онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар кори семинар олимон, муҳаққиқон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, иштирок намуданд.

Пас аз маърӯза муҳокимаи илмӣ баргузор гардида, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволҳо пешниҳод намуда, андеша ва пешниҳодҳои худро баён карданд. Аз ҷониби иштирокчиён ба натиҷаҳои илмии пешниҳодшуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Баргузории чунин семинарҳои илмӣ барои мубодилаи таҷриба, муҳокимаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва муассисаҳои илмӣ, инчунин ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар фарҷоми семинар ба муносибати Рӯзи омӯзгор ба узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Исҳоқов Сулаймон Абунaсрович барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва меҳнати бенуқсон сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Сипосномаҳо аз номи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Исҳоқов С. А. аз ҷониби директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраев тақдим карда шуданд.

Ин иқдом нишони қадршиносӣ ва эҳтироми хизматҳои арзандаи устодон ва олимони соҳа буда, барои ҳавасмандгардонӣ ва идомаи фаъолияти самараноки илмӣ ва омӯзгорӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.